Ба гузориши агентӣ хабарии «Абна», «Бинёмин Нетанёҳу» сарвазири режими сионистӣ ва «Исроил Катс» вазири ҷанги ин режим даъво карданд, ки нақбҳо ва инфрасохтори зеризаминии тааллуқ ба Ҳизбуллоҳро дар минтақаи «Маҷдал Зун» дар ҷануби Лубнон нобуд кардаанд.
Дар идомаи ин изҳорот зикр шудааст, ки режими сионистӣ пеш аз иҷрои ин амалиёт, мавзӯи нобудсозии инфрасохтори Ҳизбуллоҳро ба ИМА ва намояндаи ИМА дар Лубнон иттилоъ додааст.
Нетанёҳу ва Катс дар ин изҳорот эълом карданд, ки артиши ин режим ба нобудсозии инфрасохтори Ҳизбуллоҳ ва рафъи таҳдидот аз шаҳрҳои шимоли Исроил идома хоҳад дод.
Нетанёҳу ва Катс инчунин даъво карданд, ки низомиёни сионистӣ дар «минтақаи амн»-и муайяншуда дар ҷануби Лубнон боқӣ хоҳанд монд.
Нетанёҳу ва Катс дар идомаи даъвоҳои худ илова карданд, ки нақби нобудшуда дорои садҳо силоҳ ва чанд платформаи партоби мушаққақ буд.
Your Comment